6 views 6 hours, 26 minutes 4 Comments:

МАГАТЭ: Иқтидори ҷаҳонии энергетикаи ҳастаӣ то соли 2060 зиёда аз се баробар меафзояд

МАГАТЭ: Иқтидори ҷаҳонии энергетикаи ҳастаӣ то соли 2060 зиёда аз се баробар меафзояд

Ҳамлаҳо ба объектҳои ҳастаӣ торафт бештар рух медиҳанд. Омилҳое, ки ба паҳншавии силоҳи ҳастаӣ мусоидат мекунанд, тақвият меёбанд, дар ҳоле ки механизмҳои боздоранда суст мешаванд». Ин суханонро Дабири кулли СММ Антониу Гутерриш дар муроҷиаташ ба иштирокчиёни 70-умин иҷлосияи Конфронси генералии Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ) баён кард.

Роҳбари СММ илова намуд, ки ҷаҳон дар остонаи инқилоб дар энергетикаи ҳастаӣ қарор дорад ва ин раванд идоракунӣ ва мониторинги муассирро талаб мекунад. Ӯ таъкид кард, ки МАГАТЭ ҳамчун «нигаҳбони низоми кафолатҳо» амнияти умумиро дар соҳаи ҳастаӣ таҳким мебахшад.

Гутерриш нақши муҳими агентиро дар Сурия қайд карда, ба ҳамкорӣ бо МАГАТЭ дар санҷиши хусусияти осоиштаи барномаи ҳастаии Эрон ва дастгирии нақши созмон «дар пешгирии фалокат дар Нерӯгоҳи ҳастаии Запорожие» даъват намуд.

«Давлатҳои узв бояд ӯҳдадориҳои худро тибқи ҳуқуқи байналмилалӣ пурра иҷро кунанд ва талошҳоро барои бартараф кардани таҳдиди паҳншавии силоҳи ҳастаӣ тақвият диҳанд», — омадааст дар изҳороти Дабири кулл, ки аз номи ӯ Моника Ҷума, Директори генералии Дафтари СММ дар Вена, қироат кард.

«Ман ба таҳкими ҳамкории арзишманди байни МАГАТЭ ва Созмони Милали Муттаҳид, инчунин ба он умед дорам, ки технологияҳои ҳастаӣ ба рушд ва таҳкими сулҳ мусоидат хоҳанд кард», — таъкид кард Гутерриш.

Иқтидори ҷаҳонӣ то соли 2060 се баробар меафзояд

Дар доираи 70-умин иҷлосияи Конфронси генералӣ роҳбари МАГАТЭ Рафаэл Мариано Гросси пешбиниҳои навро оид ба густариши энергетикаи ҳастаӣ пешниҳод кард. Тибқи маълумоти агентӣ, иқтидори ҷаҳонӣ метавонад то соли 2060 зиёда аз се баробар афзоиш ёбад, зеро кишварҳо барои қонеъ кардани тақозои афзояндаи барқ ва таъмини амнияти энергетикӣ ҳарчи бештар ба энергияи атомӣ рӯ меоранд.

Дар баробари ин, реакторҳои хурди модулӣ метавонанд дар шароити афзоиши ниёз ба ивази реакторҳои аз истифода бароварда мешуда ба манбаи муҳими энергияи тоза табдил ёбанд.

То охири соли 2025 дар ҷаҳон 413 реактори энергетикии ҳастаӣ фаъолият мекарданд, ки 377,1 гигаватт иқтидори барқӣ медоданд. Дар сенарияи хушбинона ин нишондиҳанда то соли 2050 ба 1045 ГВт мерасад (дар муқоиса бо 992 ГВт, ки соли гузашта пешбинӣ шуда буд), сипас то соли 2060 то 1284 ГВт боло меравад — ин тақрибан 3,4 баробар зиёдтар аз сатҳи соли 2025 аст.

«Пешбиниҳои МАГАТЭ нақши афзояндаи энергетикаи ҳастаиро дар қонеъ кардани ниёзҳои ҷаҳонӣ ба нерӯи барқ нишон медиҳанд. Барои амалӣ шудани ин иқтидор сармоягузорӣ ба иқтидорҳои нави ҳастаӣ ва дароз кардани мӯҳлати хизмати реакторҳо аҳамияти калидӣ хоҳад дошт», — гуфт Гросси.

Тибқи пешбинӣ, бузургтарин ҳиссаи иқтидорҳои нави ҳастаӣ дар ҷаҳон ба Осиёи Марказӣ ва Шарқӣ рост меояд. Дар ин минтақа иқтидор дар сенарияи хушбинона метавонад аз 114 ГВт дар соли 2025 то 407 ГВт дар соли 2060 афзоиш ёбад.

 

МАГАТЭ: Иқтидори ҷаҳонии энергетикаи ҳастаӣ то соли 2060 зиёда аз се баробар меафзояд

Author
/ Published posts: 25

4 comments on “Incongruous jeepers jellyfish one far Well known
Leave a Reply
You must be logged in to post a comment.